Ссылки доступа

Қирғизистон соҳиби Рӯзи инқилоби мардумӣ шуд


Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон 7-уми апрелро рӯзи ҷашнӣ эълон кард.

Вакилони Жогорку Кенеш якбора дар се хониш тарҳи қонунро дар бораи эълон кардани 7-уми апрел ба унвони Рӯзи инқилоби мардумии моҳи апрел тасвиб карданд. Дар ин бора дар сомонаи интернетии порлумон хабар дода шудааст.

Аз ҷумла, ба Кодекси меҳнат ва ҳамчунин ба Қонун “Дар бораи Рӯзи инқилоби мардумии моҳи апрел – 7 апрел” тағйир ворид карда мешаванд. Тарҳи ин қонун пешбинӣ кардааст, ки ҳамасола 7-уми апрел рӯзи истироҳат дониста шавад.

Пештар тарҳи ин қонунро шаш ҷиноҳи порлумонӣ ва кумитаҳои соҳавӣ баррасӣ ва тасдиқ карда буданд. Иқдоми таҷлил аз ин рӯзро 4-уми апрел президент Алмосбек Отамбоев пешниҳод карда буд.

XS
SM
MD
LG