Ссылки доступа

Дар “ҳуҷҷатҳои панамагӣ” шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ҳастанд


Феълан хабарнигорони пажӯҳишгар миллионҳо ҳуҷҷатҳои маҳзани ширкати ҳуқуқии Mossack Fonseca аз Панамаро меомӯзанд. Иттилое вуҷуд дорад, дар миёни ин ҳуҷҷатҳо исми мақомоти баландпояи Ӯзбекистон низ дучор мешаванд.

Муҳаррири Маркази Байналмилалии таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (Organized Crime and Corruption Reporting Project, OCCRP) Миранда Патручич гуфт, дар ҷараёни ин таҳқиқот навбат то ӯзбектаборҳое низ мерасад, ки аз хадамоти ин ширкати панамагӣ истифода кардаанд.

- Дар омӯзиши муқаддамотии ин ҳуҷҷатҳо исми Овик Мкртчян пайдо шуд. Мо боварӣ дорем, ки дар ин ҳуҷҷатҳо ҳоло номи ӯзбекҳои бисёр ошкор мешаванд. Мо ҷустуҷӯи мизоҷони дигари ӯзбеки ширкати Mossack Fonseca-ро дар охири моҳ шурӯъ мекунем. Ин ҷо миллионҳо ҳуҷҷат ҳаст ва барои ошкор кардани исми мизоҷон ва муайян кардани доду гирифти онҳо бо кӯмаки ин ширкати панамагӣ вақт зарур аст”, - гуфт Миранда Патручич.

Ёдовар мешавем, ки исми нахустин мизоҷи фошшудаи Mossack Fonseca аз Ӯзбекистон Овик Мкртчянро духтари калонии президент Гулнора Каримова ба унвони узви гурӯҳи генерали собиқи Хадамоти Амнияти Миллӣ (ХАМ) Ҳаёт Шарифхоҷаев ном бурда буд. Аъзои ин гурӯҳи ҷинояти амалиёти махфии пулшӯиро тавассути ширкати ҳуқуқии Mossack Fonseca анҷом медоданд.

Бояд гуфт, ки ҳоло нафарони аз тарафи духтари президенти Ӯзбекистон номбаршуда, аз ҷумла генерали собиқи ХАМ Ҳаёт Шарифхӯҷаев дар ҳабси хонагӣ, вале Юрий Савников ва Овик Мкртчян дар зиндонанд.

XS
SM
MD
LG