Ссылки доступа

Боку Ереванро масъули шикасти оташбаси Қаробоғ номид


Вазорати мудофиаи Озарбойҷон эълон кард, ки ҷониби арманӣ ахиран 115 бор оташбаси дирӯз эълоншуда дар Қаробоғи Кӯҳиро поймол намудааст.

Намояндаи вазорати мудофиа Вақиф Дяроғлӣ ба РИА Новости гуфт, ки тирпарронӣ дар тӯли тамоми хатти тамос аз пулемет ва тӯпҳо анҷом ёфта, аммо Боку оташбасро риоя мекунад.

Мақомоти ҷумҳурии худмухтори Қарабоғи Кӯҳӣ ин иттилоъро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, шаби гузашта онҳо ҳеҷ як мавриди вайрон шудани муқаррароти оташбасро мушоҳида накардаанд. 5 апрел Озарбойҷон ва Арманистон оташбас эълон карданд ва амалиёти низомӣ гардид.

Вазъият дар минтақаи даргирии Қарабоғи Кӯҳӣ шаби 2-уми апрел баҳам хӯрд. Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ аз кушта шудани 29 низомӣ, захмӣ шудани 72 сарбоз ва нопадид гаштани 28 нафар хабар доданд. Хисороти артиши озарбойҷонӣ 31 низомӣ унвон шудааст.

Рӯзи душанбе дар СММ хабар доданд, ки беш аз 30 нафар қурбонии ин даргирии мусаллаҳона шуда, зиёда аз 200 кас ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG