Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ҳукми 15 фаъоли ҲНИТ эълон мешавад


Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи 13 раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба поён расида, судяҳо барои баровардани ҳукм ба утоқи машвартӣ даромадаанд.

Ин раҳбарони ҲНИТ дар моҳи сентябри соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки мақомот аз анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода хабар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ, аз ҷумла раҳбари он Муҳиддин Кабириро, ки ҳоло ихтиёран дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, ба ҳамдастӣ дар ин исёни мусаллаҳ айбдор карданд.

29-уми сентябр давлати Тоҷикистон ҲНИТ-ро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид намуд. Муҳиддин Кабирӣ ин айбҳоро рад карда, гуфт, ки ин исён танҳо баҳонае барои манъи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар буд.

XS
SM
MD
LG