Ссылки доступа

Дар Алмаато ронандаҳои автобус коршиканӣ мекунанд


Дар Алмаатои Қазоқистон ронандаҳои даҳҳо автобуси коргоҳи №1 бо талаби афзоиши маош коршиканӣ карданд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ. Маъмурияти корхона тасдиқ кард, ки ронандаҳои автобусҳо дар хатсайрҳои №2, 34 ва 73 ба кор набаромадаанд.

Расонаҳо менависанд, ки ронандаҳои автобусҳои хатсайри №79 низ ба коршиканӣ пайвастаанд. Сомонаи Nur.kz ба нақл аз як ронандаи ин корхона гуфтааст, ки бо ҷорӣ шудани низоми пардохти ғайринақдии роҳкиро маоши ронандаҳо чанд баробар камтар шудааст.

“Мушкил ин аст, ки вақте корхонаи мо давлатӣ буд, ман на камтар аз 120 ҳазор танга маош мегирифтам. Ҳоло ду моҳ аст, ки як тин ҳам нагирифтаем. Моҳи гузашта ман танҳо 26 ҳазор гирифтам, баъд ваъда доданд, ки агар мо корамонро идома диҳем, беш аз 100 ҳазор танга хоҳем гирифт, вале ҳамагӣ 57 ҳазор доданд. Онҳо заҳмати моро қадр намекунанд”, - гуфт яке аз ронандаҳо.

Tengrinews.kz суханони раҳбари раёсати нақлиёти мусофиркашонии Алмаато Даурен Алимбековро овардааст, ки мегӯяд ҳоло ин ниҳод вазъияти феълиро баррасӣ мекунад.

Ба иттилои раёсати шаҳрии нақлиёти мусофиркашонӣ, коргоҳи автобусҳои давлатии Алмаато 13 хатсайр дорад. Дар моҳи феврал ин коргоҳ ба ихтиёри ширкати хусусии Green Bus Company гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG