Ссылки доступа

16 соли зиндон барои ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон


Додгоҳи низомии Ӯзбекистон як шарҳванди ин кишварро бо айбномаи ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Хабаргузории Рейтер навиштааст, дар шабакаи давлатии телевизионии Ӯзбекистон 4-уми апрел филми мустанаде намоиш дода шуд, ки бино бар он шаҳрванди Ӯзбекистон Шарифҷон Асроров аз солҳои 90-ум ба ниҳодҳои махсуси Тоҷикистон иттилои махфӣ мефиристодааст.

Дар ин филм, ки номаш “Хиёнаткор” аст, гуфта нашудааст, ки муҳокимаи додгоҳӣ кай ва дар куҷо баргузор гаштааст. Шарифҷон Асроров дар ин филм танҳо иқрор мешавад, ки ин ҷиноятро содир кардааст.

Гуфта шудааст, ки Асроров бо ниҳодҳои махсуси Тоҷикистон алоқа карда, ба онҳо дар бораи вазъи зиндонҳо, гурезаҳо, воҳидҳои низомӣ ва афсарони болорутба дар вилоятҳои Сурхандарё, Қашқадарё ва Бухоро маълумот медодааст. Садои паси навор ҳамчунин гуфт, ки ҳамсари Асроров шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

XS
SM
MD
LG