Ссылки доступа

Порошенко: Украина аз ҳамгироӣ бо ИА даст намекашад


Украина сарфи назар аз натиҷаҳои манфии раъйпурсии Голландия, аз ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо даст намекашад, гуфт президенти Украина Петр Порошенко.

"Бовар дорам, ки аз нигоҳи стратегӣ ин рӯйдод барои ба Аврупо пайвастани Украина монеъ намешавад", - афзудааст Порошенко.

Президенти Украина гуфт, раъйпурсӣ дар Голландия хосияти машваратӣ дорад. "Акнун ҳукумати Голландия тасмим хоҳад гирифт", - гуфт президенти Украина.

Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, бештар аз 61 дарсади пурсидашудаҳо раъйи мухолиф ва 38% раъйи мувофиқ додаанд.

Наздик ба 32 дарсади шаҳрвандони соҳиби раъй дар овоздиҳӣ ширкат кардаанд ва ба ин далел раъйдиҳӣ "баргузоршуда" ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG