Ссылки доступа

Қирғизҳо Инқилоби апрели соли 2010-ро ёд мекунанд


Дар маҷмааи "Ата-Бейит" роҳбарияти давлат бо сардории президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, аъзои ҳукумат, наздикони кушташудаҳо, зарардидагон ва қаҳрамонони инқилоби апрелӣ дар пояи ёдгорӣ гул гузоштанд.

Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев 7 апрели соли 2010 фармон дод, ки ба сӯи одамон тир андохта шавад. Дар ин бенизомиҳо наздики 100 кас кушта, бештар аз 300 нафари дигар захмӣ шуд. Муҳокимаи додгоҳии рӯйдодҳои апрелӣ то кунун идома дорад.

Алмосбек Отамбоев дар робита ба 6-солагии Инқилоби апрелӣ ба мардум паём дод. Вай гуфт, санаҳои таърихии 17 марти соли 2002, 24 марти соли 2005 ва 7 апрели соли 2010 бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Президенти Қирғизистон мегӯяд, ин се сана ҷодаи душворгузаре дар роҳи мардуми Қирғизистон ба сӯи озодӣ, демократия ва адолат буданд.

Вай гуфт, бархе аз "сиёсатмадорони нопок" талош доранд, ки 7 апрелро бо санаҳои 17 ва 24 март муқобил гузоранд.

"Ин гуна сиёсатмадорон иғвогарони нопоканд, ки мехоҳанд кишварро бо шимолу ҷануб тақсим кунанд, ягонагии мардумро ба ҳам зананд ва монеи рушди кишвар шаванд. Мардум мегӯяд, "саг меҷакаду корвон мегузарад". Ин сагон аккос мезананд, вале корвони қирғизӣ бо роҳи худ меравад. Мардум қадам ба қадам ба сӯи ояндаи беҳтар равонаанд", - афзудааст Алмосбек Отамбоев.

XS
SM
MD
LG