Ссылки доступа

Футболу консерт ба ҷои ҷангу ҷидол дар марз


Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон талош доранд, ки бо баргузории маҳфилҳои идона ва мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷангу ҷидол дар минтақаҳои марзӣ пешгирӣ кунанд.

Ингуна ҳамоиши идона ва мусобиқаҳо аллакай дар маҳалҳои сарҳадии Исфараву Бодканд ва Бобоҷон Ғафурову Лайлак баргузор шуда, ба мардум писанд омадаанд. Эргашбой Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, дар мусобиқаи футбол миёни дастаҳои Овчӣ-Қалъача ва ҷамоати Қулундии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон садҳо тан иштирок кардаанд.

Ба гуфтаи вай, "мусобиқа бисёр хуб гузашт ва мебинем, ки он муносибати байни сокинони моро наздиктару самимитар мекунад. Барои ҳамин, дар оянда низ чунин мусобиқаҳои варзиширо баргузор хоҳем кард".

Ҳунармандони Исфараву Бодканд низ дар кохи фарҳанги Исфара ҷашнворае ороста, сокинони деҳаи Лаккони ин маҳал ҳамроҳи сокинони деҳаи ҳамсояи қирғизнишини Қаробоғ чанд километр қисмати наҳреро, ки аз онҷо мегузарад, тозаву ва васеъ карданд. Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз сокинони Исфараву Бодканд меҳмони ҳамдигар шуда, ин ҷашнро дар гирди як хон пешвоз гирифтанд.

Ҳар сол дар оғози баҳор сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон асосан барои об ва заминҳои баҳсюарангез бо якдигар даст ба гиребон мешуданд. Аммо имсол мақомоти ду тараф талош доранд, ки бо баргузории маҳфилҳои идона ва мусобиқаҳои варзишӣ сокинонро ба якдигар наздиктар карда, аз муноқишаҳо пешгирӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG