Ссылки доступа

Керрӣ Эронро ба сулҳҷӯӣ дар Яману Сурия даъват кард


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз Эрон даъват кард, ки нуфузи худро барои хатми даргирӣ дар Яман ва Сурия истифода карда, аз амалҳои “тахрибкорона” дар минтақа даст кашад.

Дар нишасти матбуотӣ дар Баҳрайн, ки дар чаҳорчӯби сафари дирӯзааш ба кишварҳои шарики ИМА дар Халиҷи Форс баргузор шуд, Ҷон Керрӣ “амалҳои тахрибкоронаи” Эронро маҳкум кард. Иёлоти Муттаҳида чунин амалҳоро хеле ҷиддӣ мегирад. Вай гуфт. ки ҳафтаи гузашта Нерӯи панҷуми баҳрии ИМА, ки дар пойгоҳи баҳрии ИМА дар Баҳрайн мустақар аст, як миқдор силоҳро мусодира кард. Ба иттилои нерӯҳои баҳрии ИМА, ин миқдор аслиҳа аз Эрон барои хусиҳои исёнгари яманӣ равон буд, ки ба зидди ҳукумати Яман меҷангад.

“Мо аз Эрон даъват мекунем, ки фаъолияти судманд дошта бошаду ба талошҳо барои таъмини сулҳу субот ва ҳалли даргирӣ дар Сурия кӯмак кунад, на ин кӣ ба шуришиҳои хусиҳо аслиҳа фиристад... ба талошҳо барои хатми ҷангҳои мусаллаҳона ҳамроҳ шавад”, - гуфт Ҷон Керрӣ.

Дар чаҳорчӯби ин сафар Ҷон Керрӣ аз созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон ва бекор кардани таҳримҳои иқтисодӣ ба зидди Эрон истиқбол кард. Вале котиби давлатии ИМА таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш аз ҷумлаи кишварҳои арабӣ “дар мавриди хатари фанновариҳои мушакии Теҳрон мавқеи ягона доранд”.

XS
SM
MD
LG