Ссылки доступа

Изҳори ҳайрат аз либосҳои гаронбаҳои "малика"-и ӯзбек


"Мария-Антуанеттаи ӯзбек: "Зиндагии пурзарқу барқи "малика"-и дилрабое, ки на танҳо либоси кӯдаконаи 5 000-фунтстерлингӣ мефурӯшад, балки бо ҳокими мутлақе, ки душманонашро дар РАВҒАН "меҷӯшонад", робита дорад". Бо ин унвон 29 март дар сомонаи dailymail.co.uk бритониёӣ матлабе нашр шудааст.

Зани ҷавоне, ки бо ҳамсари шоҳи фаронсавӣ Людовики XVI монанд карда шудааст, Диёра Усмонова - ҷияни сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва аз хешони миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов аст.

Матлаби сомонаи бритониёӣ аз он шуруъ мешавад, ки арзиши як куртае, ки дар мағозаи Диёра Усмонова ба фурӯш меравад, ба даромади солонаи 13 коргари қатории Ӯзбекистон баробар аст. "Диёра Усмонова ҷияни сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, яке аз мансабдорони содиқи Ислом Каримови худкома аст. Ислом Каримов аз он мефахрад, ки мухолифони сиёсиашро бо оби ҷӯш мекушад. Ба ҷуз ин Каримов духтари 43-солааш - Гулнораи миллиардерро бо айби фасодкорӣ дар ҳабси хонагӣ нигаҳ медорад".

Диёра Усмонова 27 сол дорад ва зани додарзодаи Алишер Усмонов - Бобур Усмонов аст. Бобур Усмонов 2 сол пеш дар як садамаи автомобилӣ дар Тошканд ҷон бохт.

Диёра Усмонова тамғаи тиҷории Bibiona Couture-ро, ки ба фурӯши либосҳои кӯдаконаи гаронбаҳо машғул аст, асос гузоштааст.

XS
SM
MD
LG