Ссылки доступа

Сарвазири Украина истеъфо медиҳад


Арсений Ятсенюк, сарвазири Украина дар суҳбати телефонӣ бо ноиб-президенти ИМА Ҷозеф Байден гуфт, ният дорад, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Ноиб-президенти ИМА барои ҳамкорӣ дар давраи муҳими таърихии Украина аз Ятсенюк сипосгузорӣ кард.

Ҷозеф Байден ҳукумати Украинаро барои дастовардҳояш дар ду соли охир, ба вижа ислоҳоти иқтисодӣ ва имзои созишномаҳои ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо, талошҳо барои истиқлолияти энергетикии Украина табрик гуфт.

Байден ва Ятсенюк гуфтанд, тағйирҳо дар иқтисодиёти Украина бояд бебозгашт бошанд. Онҳо ҳамчунин дар бораи аҳамияти таъсиси девони нави вазирон суҳбат карданд. Девони нави вазирон ислоҳоти зарурӣ, аз ҷумла он ислоҳотеро, ки Бунёди байналмилалии асъор ва Иттиҳоди Аврупо тавсия додаанд, амалӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG