Ссылки доступа

Дарси ахлоқ барои занони танфурӯш


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси идораи кор бо занони вилояти Хатлон бори аввал барои занони гумонбар дар танфурӯшӣ дарси ахлоқ баргузор шудааст.

Идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, бо ибтикори ин идора, пулис, пизишкон ва вакилони маҷлиси вилоятӣ дар ҳар ду моҳ се маротиба барои 30 зани гумонбар ба танфурӯшӣ дарси ахлоқ баргузор мекунанд.

Қумринисо Сангалиева, муовини раиси идораи кор бо занони вилояти Хатлон, ҳадаф аз баргузории дарсҳои ахлоқӣ ҷилавгирӣ аз густариши танфурӯшӣ дар миёни занон ва тарбияти ахлоқии онҳост. Ба гуфтаи ӯ, дар ин дарсҳо вакилони маҳаллӣ, пизишкон, занони фаъол ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар муддати беш аз як соат дар мавриди ахлоқу одоб ва иффати зани тоҷик сӯҳбат карда, фоҳишаҳоро "ба роҳи дуруст даъват мекунанд."

Бар пояи ислоҳи ин қонун, агар танфурӯш дар давоми як сол бори дувум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун занони гумонбар ба танфурӯшӣ бо супоридани аз 400 то 800 сомонӣ ҷарима раҳо мешуданд.

Гулсораи 35-сола, ки ба гуфтаи худаш, дар танҳоӣ барои худаш муштарӣ пайдо мекунад ва борҳо дар рейдҳои пулис боздошт шудааст, мегӯяд: “Мардҳоро насиҳат кунанд, ки занҳоро талоқ надиҳанд. Агар мард баъди талоқ додан ба ҳамсару кӯдаконаш аллимент ё кумакпулӣ надиҳад, зан ба ҳамин роҳ меравад. Худи ман ҳам аз набуди ҷойи кор ба ин кор рафтам. Агар кори хуб ёбам, ин корро намекунам”.

То ба ҳол омори дақиқи танфурӯшон дар Тоҷикистон эълон нашудааст. Дар моҳи майи соли гузашта Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо нашри як гузориш гуфт, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли 2014 дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Аммо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин рақамҳоро "тахминӣ ва бепоя" медонад.

XS
SM
MD
LG