Ссылки доступа

Гвардияи миллии Русия "Русгвардия" ном мегирад


Гвардияи миллии Русия аз Путин итоат мекунад ва аъзои гвардия ҳақ дорад, ки бе огоҳӣ аз зур ва силоҳ кор гирад.

Гвардияи миллии Русия мухтасар Русгвардия ном хоҳад гирифт. Дар ин бора дар лоиҳаи фармони президенти Русия Владимир Путин дар мавриди таъсиси ниҳоди нави қудратӣ иттилоъ дода шудааст. Дар ин ҳуҷҷат ҳамчунин гуфта шудааст, ки Гвардияи миллӣ тартиботи ҷамъиятиро ҳифз мекунад, бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои созмонёфта мубориза мебарад ва инчунин ба Хадамоти федеролии амният дар ҳифзи марзҳо ёрӣ мерасонад.

Дар бораи таъсиси Русгвардия Путин 5 апрел хабар дод. Муҳофизи пешини Путин ва вазири собиқи корҳои дохилии Русия Виктор Золотов роҳбари ниҳоди нави қудратӣ таъйин шудааст. Тибқи лоиҳаи қонун дар бораи Гвардияи миллӣ, аъзои ин созмон ҳақ доранд, ки дар сурати таҳдиди хатар ба шаҳрвандон ва ё аъзои худ, бе огоҳӣ аз зур ва силоҳ кор гиранд.

XS
SM
MD
LG