Ссылки доступа

Қалами афкандаи муаллим ба чашми талаба зад


Волидайни кӯдаке, ки муаллим бо қалам ба чашмаш задасат, то ҳол метарсанд, фарзанди худро ба мактаб фиристанд. Чашми чапи Айбек Сарибаев баъд аз он, ки 12-уми ноябри соли 2015 муаллими таърихи мактаби ноҳияи Арали Қазоқистон ба чашмаш зад, то ҳол нобиност.

Ба гуфтаи Айбек Сарибаев, ин ҳодиса дар дарси охирин рух додааст. "Ман ба дарс бо тайёрии хуб омадам. Дар чаҳоряки якум дар синфи шаш ман аз расмкашӣ баҳои "чаҳор" гирифта будам. Духтараке, ки дар ақибам менишаст, гуфт: "Бечораяк, ту аз расмкашӣ "чаҳор" гирифтаӣ. "Барои чӣ ман бечора будаам?" - пурсидам аз вай ба сӯяш рӯямро гардонидам. Муаллима ба ман эрод гирифта, гуфт, ки "ба қафо нигаҳ накун". Вақте ба тарафаш нигоҳ кардам, вай ба сӯям қаламро партофт" - гуфт Айбек.

Қалам ба чашми чапаш расид ва аз он маҳлули гарме берун шуд. "Ман ба муаллима гуфтам, ки аз чашмам чизе мешорад, вале вай гуфт, ки хомӯш нишинам, вагарна вай чашми дигарамро ҳам кӯр мекунад. Ман ба касе чизе нагуфтам, ҳарчанд чашмам дигар чизеро намедид. Рӯзи дигар ба мактаб омада, ин ҳодисаро ба муаллима гуфтам, аммо вай таваҷҷӯҳ накард", - гуфт Айбек дар идомаи қиссааш.

Духтур хулоса кард, ки асабҳои чашм мурдаанд, аммо худи Айбек бар ин назар аст, ки "мардумаки чашмаш" рехтааст.

Дар моҳи январи соли 2016 додгоҳи ноҳияи Арал Куаниш Амановаро аз ҳаққи таълим ва кор бо ноболиғон маҳрум ва ба пардохти 1 миллиону 600 ҳазор танга ҷарима маҳкум кард. Ба гуфтаи мудири мактаб, ҷавобгар ҳамчунин ба пардохти ҷубронпулии маънавӣ ба ҷабрдида дар ҳаҷми 1 миллиону 500 ҳазор танга ва пардохти ҷуброни моддӣ дар ҳаҷми 72 ҳазор танга вазифадор шудааст.

XS
SM
MD
LG