Ссылки доступа

Freedom House: Дар Тоҷикистон сатҳи демократия поин меравад


Созмони ғайридавлатии амрикоии Freedom House дар гузориши нави худ рушди демократия дар Тоҷикистонро назар ба кишварҳои дигари минтақа манфӣ арзёбӣ кардааст.

Муаллифон зикр карданд, ки дар Тоҷикистон дар соли гузашта "бадшавии фоҷиабор"-и нишондодҳои демократӣ мушоҳида шуда, ба ин сабаб ин кишвар дар муқоиса бо ҳамсояҳои худ аз ҳама ақиб мондааст.

Созмони ҳимояи ҳуқуқи инсони Freedom House 12-уми апрел гузориши солонаи худ бо номи "Кишварҳои давраи гузариш-2015"-ро нашр кард. Дар ин гузориш вазъият дар 29 кишвари минтақаи бузург - аз Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

«Freedom House» дар ҳар кишвар вазъро бар пояи 7 нишондоди калидӣ арзёбӣ кардааст: интихобот, вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, осебпазирии расонаҳо, сатҳи фасодкорӣ, сифати раҳбарии миллӣ ва маҳаллӣ, мустақилияти низоми судӣ. Арзёбӣ тавассути раддабандии ҳафтдараҷагӣ анҷом шуда, баҳои 7 бадтарин мебошад.

Дар гузориш зикр шудааст, ки кишварҳои пасошӯравӣ ба сабаби мушкилиҳои иқтисодӣ бо таҳдидҳои амниятӣ рӯбарӯ шудаанд.

Ба гуфтаи яке аз муаллифони ин гузориш Нейт Шенкан, Тоҷикистон дар соли гузашта ба таври бесобиқа ба мухолифон фишор овард. Қазоқистон ва Қирғизистон ба манзури назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ бо истифода аз таҷрибаи Русия қонунҳоеро бо "навовариҳои маҳдудкунанда" қабул карданд.

XS
SM
MD
LG