Ссылки доступа

Гирдиҳамоӣ дар Бишкек зидди қонуни "агентҳои хориҷӣ"


Кумитаи қонунгузорӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои судиву ҳуқуқӣ ва тартиби кори Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон тарҳи қонун "Дар бораи агентҳои хориҷӣ"-ро баррасӣ мекунад. Аммо ширкаткунандаҳои гирдиҳамоӣ дар назди бинои порлумон дар Бишкек муқобили қабули ин ҳуҷҷатанд.

Яке аз ширкаткунандаҳои ин гирдиҳамоӣ, раҳбари хазинаи ҷамъиятии "Қилим шами" Азиза Абдирасулова мегӯяд, ки дар ҷаласаи ин кумита ин масъала дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки теъдоди зарурии вакилон дар он ҳузур надоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба ин назаранд, ки тарҳи ин қонун бояд баргардонида шавад, зеро мухолифи меъёрҳои демократӣ ва муқаррароти танзими фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва озодиҳои шаҳрвандист.

Ёдовар мешавем, ки баррасии дусолаи ин ислоҳот дар қонунгузорӣ мояи нигаронии бахши ғайридавлатии кишвар шудааст. Тибқи тарҳи ин қонун, созмоне ҷосуси хориҷӣ дониста мешавад, ки фаъолияти он ба расонидани таъсир ба тасмимҳои ниҳодҳои давлатӣ ба хотири тағйири сиёсаташ равона шуда бошад. Гузашта аз ин, муҳим аст, ки фаъолияти ин созмонҳо аз кадом манбаъ сармоягузорӣ мешавад.

Аммо муаллифони ин тарҳ иддао доранд, ки қонуни нав ба фаъолияти рӯшан ва бози созмонҳои ғайридавлатӣ сабаб мешавад.

XS
SM
MD
LG