Ссылки доступа

Литва муфаттишу судяҳои парвандаи Савченкоро таҳрим кард


Афроде ки дар зиндонӣ шудани низомии украинӣ Надежда Савченко даст доштанд, аз ҳаққи вуруд ба Литва маҳрум шуданд. Ин иттилоъро вазири корҳои хориҷии Литва Лина Линкявичюс тасдиқ кардааст, менависанд расонаҳои украинӣ.

"Ба таври мушаххас, судяҳо ва додситонҳое, ки бевосита дар ин парванда ширкат доштанд, дар назар дошта шудаанд. Дар ҳоли ҳозир 46 нафар аз ҳаққи вуруд ба Литва маҳрум шудааст", - мегӯяд Линкявичюс. Ба гуфтаи ин вазир, рӯйхат ҳоло пурра нашудааст.

Ба ҷуз аз "рӯйхати Савченко", онҳое, ки дар зиндонӣ шудани украиниҳо Олег Сентсов ва Александр Колченко даст доштанд, низ аз ҳаққи вуруд ба Литва маҳрум шудаанд.

"Мо ин парвандаҳоро эътироф намекунем. Мо бовар дорем, ки ин парвандаҳо дурӯғанд ва одамоне, ки дар ин сохтакорӣ даст доштанд - судяҳо, додситонҳо, мансабдорони дигар аз кишварҳои худхондаи Донетску Луганск ба рӯйхати мо шомил гардидаанд", - гуфтааст Линкявичюс.

Ба гуфтаи ин вазир, Литва - нахустин кишвари Иттиҳоди Аврупост, ки чунин таҳримҳоро роҳандозӣ кард. Вай умедвор шуд, ки кишварҳои дигари созмон аз Литва пайравӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG