Ссылки доступа

"Марди яксоата" дар Душанбе ба "устои яксоата" табдил шуд


Ширкати “Корсоз” барои занони танҳо ва онҳое ки ҳамсарашон дар муҳоҷират аст, хидматрасонии наверо пешниҳод намуда, дар саҳфаи фейсбукии худ онро “Марди яксоата” муаррифӣ кардааст.

Камила Сафина, раҳбари ширкати “Корсоз” мегӯяд, андешаи роҳандозии ин хадамот аз таҷрибаи зиндагии худи ӯ маншаъ мегирад, ки дар ҳоли ҳозир дур аз шавҳараш зиндагӣ мекунад.

Камила мегӯяд, истифодаи хидматрасонӣ бо номи “Мард барои як соат” дар Русия ва кишварҳои дигар хеле роиҷ аст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба тафовути фарҳангиву мазҳабӣ, ӯ ин навъи хидматрасониро берун аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва барои мардуми оддӣ “Усто барои як соат” муаррифӣ мекунад.

“Дар Тоҷикистон моро бо ин ном каме нодуруст мефаҳманд, чун мардони мо бадрашканд ва метавонанд бигӯянд, ки чӣ тавр зани ман дар хона танҳосту шумо усто мефиристед. Вале кормандони мо танҳо мардон нестанд, занони зиёд ҳам барои кор ба мо муроҷиат мекунанд, ки аз ӯҳдаи таъмиру тармими дастгоҳҳои рӯзгор ва насби масалан ҷумакҳои об мебароянд. Яъне мардон метавонанд натарсанд, чун мешавад устои занро ҳам даъват кард”, - мегӯяд Камила.

Истифода аз ин хидматрасонӣ дар Душанбе ҳоло зиёд маъмул нест, аммо талабот ба он вуҷуд доштааст. Ғайриинтизори масъулони ин ширкат, бештар ба онҳо на занон, балки мардҳо барои кумак муроҷиат мекунанд.

XS
SM
MD
LG