Ссылки доступа

Додситони Қрим кори маҷлиси тоторҳоро қатъ кард


Бо қарори Наталя Поклонская, додситони нимҷазираи Қрими Украина, ки аз тарафи Русия ғасб шудааст, баргузории иқдомҳои оммавӣ, истифода аз суратҳисоби бонкӣ ва паҳн кардани иттилоъ аз сӯи Маҷлиси тоторҳои Қрим манъ шуд.

Ин қарор то замоне эътибор хоҳад дошт, ки додгоҳи нимҷазираи ғасбшуда дар мавриди манъи Маҷлис ва шомил кардани он ба рӯйхати созмонҳои тундгаро қарор қабул накунад.

Раиси Маҷлиси тоторҳои халқи Қрим Рифат Чубаров аз чунин тасмими Наталя Поклонская шадидан интиқод кард. Дар сафҳаи худ дар "Фейсбук" Чубаров ин тасмимро "ҷиноят" шумурд.

Дархости манъи Маҷлисро Поклонская дар моҳи феврал ирсол карда буд. Вазорати корҳои хориҷии Украина зидди баста шудани эҳтимолии маҷлис шуда, онро "поймол кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ дар нимҷазира" номид.

Тоторҳои Қрим қариб 15 дарсади аҳолии думиллионии ин нимҷазираро ташкил медиҳанд. Бештаре аз онҳо мухолифи ғасби ин нимҷазира аз тарафи Русия дар соли 2014 буданд. Аз замони тасарруфи Русия ва ба сари қудрат омадани ҳукумати русгаро тоторҳои Қрим борҳо аз фишорҳо, баста шудани синфҳои таълим бо забони тоторӣ ва ташкили фазои нобоварӣ нисбати тоторҳо аз тарафи мақомоти Қрими ғасбшуда эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG