Ссылки доступа

Озода Раҳмон номзади интихоботи Маҷлиси Миллӣ шуд


Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент, рӯзи 14 апрел дар иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи пойтахт ба узвияти Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и шаҳри Душанбе номзад шудааст.

Интихоботи вакили Маҷлиси Миллӣ аз ҳавзаи рақами чоруми Душанбе рӯзи 29 май доир хоҳад шуд. Аз ин ҳавза дар Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода – раҳбари пешини дастгоҳи президент намояндагӣ мекард. Худоёрзода дар поёни моҳи январ раиси Кумиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд ва дигар ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллиро надорад.

Озода Раҳмон 38 сол ва 5 фарзанд дорад. Номзади илмҳои ҳуқуқ буда, солҳои 2005-2007 кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 раҳбари раёсати консулии вазорати корҳои хориҷӣ, солҳои 2009-2014 муовини вазири корҳои хориҷӣ ва аз 15 майи соли 2014 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Рӯзи 27 январи соли 2016 Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи президент таъин шуд.

Вакилони Маҷлиси миллӣ ба фарқ аз Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – ба таври мустақим интихоб намешаванд. 25 вакил аз 33 вакили Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои муштараки маҷлисҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии онҳо, шаҳри Душанбе бо навоҳиаш ва дар иҷлоси муштараки маҷлисҳои навоҳии тобеи ҷумҳурӣ интихоб мешаванд. 8 узви дигари Маҷлиси Миллиро раисиҷумҳур таъин мекунад. Қаҳҳор Маҳкамов ба унвони раисиҷумҳури пешини Тоҷикистон низ узви якумрии Маҷлиси Миллист.

XS
SM
MD
LG