Ссылки доступа

Президенти Украина Гройсманро ба сарвазирӣ пешбарӣ кард


Петр Порошенко, президенти Украина, лоиҳаи қарор дар бораи таъйини Владимир Гройсман ба вазифаи сарвазириро ба порлумон фиристод. Дар ин бора сомонаи порлумони Украина хабар додааст.

Порошенко ҳамчунин фармони таъйини вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа - Павел Климкин ва Степан Полторакро содир кардааст.

Дирӯз раиси порлумони Украина Владимир Гройсман гуфт, розӣ аст, ки ҳукумати Украинаро роҳбарӣ кунад. Ҳарчанд вай, ба навиштаи расонаҳои украинӣ, то ин замон чанд бор аз ишғоли ин вазифа даст кашидааст.

Гройсман ва ҳукумати вай девони вазирони сарвазири пешин Арсений Ятсенюкро, ки 10 апрел ба истеъфо рафт, иваз мекунанд.

XS
SM
MD
LG