Ссылки доступа

Ба хориҷиҳо дар Қазоқистон замин фурӯхта намешавад


Асилжан Мамитбеков, вазири кишоварзии Қазоқистон мегӯяд, заминҳои корами ин кишвар ба хориҷиҳо фурӯхта намешавад. Вай дар як мусоҳиба бо рӯзноманигорон дар шаҳри Остона гуфт, заминҳо "танҳо ба шаҳрвандони Қазоқистон ва ширкатҳои маҳаллӣ" фурӯхта хоҳанд шуд.

"Дар кодекси замин ва дигар қонунҳои Қазоқистон навишта шудааст, ки заминҳои корам ба хориҷиҳо фурӯхта намешаванд", - афзудааст вазири кишоварзӣ.

Ерболат Досаев, вазири эқтисоди миллии Қазоқистон пештар аз ин гуфта буд, ки шуруъ аз 1 июл тавассути музояда 1,7 миллион замин ба фурӯш гузошта мешавад. Ин изҳороти вазири иқтисоди миллӣ баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

XS
SM
MD
LG