Ссылки доступа

Назарбоев вориди Ӯзбекистон шуд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ вориди Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон шуд.

Интизор меравад имрӯз вай дар Тошканд бо ҳамтои ӯзбеки худ Ислом Каримов мулоқот кунад. Ба иттилои раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дутарафаро баррасӣ мекунанд.

Назарбоев ба Ӯзбекистон баъд аз сафари дурӯза ба Туркия омад. Дар Туркия Назарбоев бо президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон мулоқот карда, дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ ширкат кард.

XS
SM
MD
LG