Ссылки доступа

Дар шимоли Афғонистон ҷангҳо барои Кундуз идома доранд


Дар шимоли Афғонистон, дар шаҳри Кундуз ҷангҳои нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳои толибон 3 рӯз идома кард. Рӯзи якшанбе толибон бо нерӯи тоза талош карданд, ки шаҳрро тасарруф кунанд. Соли гузашта ин шаҳр чанд муддат дар тасарруфи онҳо буд.

Сардори пулиси шаҳр ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, дар рӯзҳои охир ба чанд нуқтаи назоратии ҷанубу ғарби шаҳри Кундуз ҳамла шудааст. Ба гуфтаи вай, дар ин рӯзҳо 49 ҷангҷӯи толибон кушта ва 61 тани дигар захмӣ гаштааст. Аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ 4 низомӣ кушта ва 11 каси дигар захм бардоштааст.

Манбаи Бахши Иттилоотии Осиёи Марказӣ дар Афғонистон хабар медиҳад, ки зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ дар сафи толибон меҷанганд.

Чанд рӯз пештар толибон аз оғози "ҳамлаҳои баҳорӣ" хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG