Ссылки доступа

Зодаҳои СССР ширкатҳои суғуртаи Олмонро фиреб медиҳанд


Хадамоти тандурустиии Олмон барои нигоҳубини беморон ва маъюбон, ки аз тарафи зодаҳои кишварҳои пасошӯравӣ ташкил шудаанд, бемористонҳо, ширкатҳои суғуртавӣ ва иҷтимоии ин кишварро ба маблағи на камтар аз як миллиард евро фиреб додаанд.

Дар ин бора натиҷаҳои тафтишоти ниҳоди Федералии парвандаҳои ҷиноятӣ (BKA) ва ширкати ҷамъиятиву ҳуқуқии Bayerische Rundfunk ва рӯзномаи Die Welt гувоҳӣ медиҳанд. Ин ду ширкат ба ҳуҷҷатҳои махфие такя мекунанд, ки ба дасти хабарнигорон афтодаанд.

Ба навиштаи ин нашрия, нигоҳубини беморон дар Олмон меҳвари фаъолияти ба ном “мафияи рус” шудааст. Гурӯҳҳои ташкилшудаи “русиву авруосиёӣ” роҳҳои мухталифи фиреби хазинаҳои суғуртавиро таҳия кардаанд. Дар миёни онҳо гузоришҳои қалбакии расонидани хадамот ва ҷалби худи муштариёни дурӯғгӯ ба ин фиребҳо бештар мушоҳида мешавад. Дар мавриди бемороне, ки барояшон нигоҳубини доимӣ зарур аст, ҷинояткорон тавонистаанд, барои хадамоти нарасонидаашон дар як моҳ то 15 ҳазор евро бигиранд.

XS
SM
MD
LG