Ссылки доступа

Кишварҳои содиркунандаи нафт ба созиш нарасиданд


Набудани намояндаи Эрон дар мулоқоти Доҳа ба натиҷаҳои он таъсири ҷиддӣ расонид

Рӯзи якшанбе дар Қатар кишварҳои содиркунандаи нафт натавонистанд, ки барои ба эътидол овардани арзиши нафт бо роҳи кам кардани истихроҷи он, ба созиш расанд. Оҷонсии Bloomberg менависад, ба созиш нарасидани кишварҳои содиркунандаи нафт имкон намедиҳад, ки вазъияти буҳронӣ дар муддати кутоҳ пушти сар шавад.

Лоиҳаи созише, ки дар Доҳа - пойтахти Қатар барои кам кардани истихроҷи нафт муаррифӣ шуд, тақозо мекунад, ки ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи гуфтугӯ зери он имзо гузоранд.

Дар конфронси Доҳа намояндагони 16 кишвари содиркунандаи нафт, аз ҷумла кишварҳое, ки узви ОПЕК нестанд, (мисли Русия), ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG