Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон тамринҳои СПАД шуруъ шуданд


Тамринҳои бахши иктишофии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД) 18-уми апрел дар машқгоҳи маркази омӯзишии “Мағоб” ва размоишгоҳи Лоҳур шурӯъ шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории тамринҳо хабар медиҳад, ки дар ин машқҳо намояндаҳои ҳамаи кишварҳои узви ин созмон, ба ҷуз аз Арманистон, ширкат мекунанд.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар маросими оғози ин тамринҳо ширкат карда, онро "иқдоми муҳим дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳон" номид.

Дар тамринҳое, ки то 22-уми май идома меёбанд, кариб 1500 низомии ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузъу томҳои бахшҳои иктишофи низомӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари бахшҳои иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат мекунанд. Беҳбуди низоми ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди маълумоти иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД ҳадафи ин тамринҳо эълон шудаст.

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа рӯзи якшанбеи гузашта вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар ҷараёни сафари худ вай бо раҳбарияти кишвар мулоқот карда, вазъи амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро баррасӣ мекунад.

СПАД соли 1992 ташкил шуда, Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Белорус аъзои онанд.

XS
SM
MD
LG