Ссылки доступа

Пешниҳоди сензураи интернет дар расонаҳои Русия


Раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин даъват кард, ки ба "ҷанги омехта"-е, ки ба бовари вай, ИМА ва шариконаш зидди Русия ва бархе аз кишварҳои дигар анҷом медиҳанд, “посухи сахту баробар” дода шавад.

Бастрикин дар "Комерсант-Власт" 18 апрел навишт, ки ин “ҷанг” ба арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ таъсир карда, ба таҳримҳо ва беқурбшавии рубл сабаб шуд. "Оқибатҳои ҷанги иттилоотӣ фоҷиабор шуданд," муътақид аст раҳбари Кумитаи тафтишотӣ. Дар ин робита Бастрикин пешниҳод кард, ки дар интернет маҳдудиятҳое роҳандозӣ шуда, инкори натиҷаҳои ҳамапурсии мардумӣ ва шарҳи дигаргунаи ҳодисаҳои таърихӣ ифротгароӣ дониста шаванд.

Ба бовари вай, зарур аст “қоидаи ғайридодгоҳие пешбинӣ шавад, ки тартиби шомил кардани иттилоъ ба рӯйхати федералии маводҳои ифротиву миллатгароӣ ва инчунин қатъи дастрасӣ ба сомонаҳое, ки маводи ифротгаро ва миллатгароро паҳн мекунанд, муайян кунад”.

Бастрикин тасмими мақомоти Чинро намуна овард. Мақомот дар Чин фаъолияти расонаҳои электрониеро, ки ҳама ё як қисми соҳибонаш шаҳрвандони хориҷиянд, манъ карданд.

Барои пешгирӣ аз сармоягузории ҳамлаҳои террористӣ ва ифротӣ ин мақомдори рус пешниҳод кард, ки барои паҳн ва истифодаи пулҳои маснуӣ ва маҷозӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ роҳандозӣ шуда, мусодираи моликият навъи ҷазои ҷиноятӣ дониста шавад. Бастрикин зикр кард, ки тарҳи пешниҳодии ин қонун омода шудааст.

XS
SM
MD
LG