Ссылки доступа

Дар Волгоград шаҳрванди Тоҷикистонро зинда гӯр карданд


Қотилон пеш аз анҷоми ҷиноят якҷо бо ҷабрдида 22-мин зодрӯзи ӯро таҷлил карданд. Ба иттилои маркази матбуотии Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Волгоград, 18-уми апрел ба ниҳодҳои интизомӣ як сокини шаҳр омада, хабар дод, ки шоҳиди қатл шудааст.

Маълум шуд, ки 12-уми апрел вай ҳамроҳ бо дӯстонаш 22-солагии як шаҳрванди Тоҷикистонро ҷашн гирифтаанд, ки исмаш гуфта нашудааст. Субҳ ин мард хобаш мебарад ва вақте бедор мешавад, мефаҳмад, ки миёни мардҳо ҷанҷоле рух додааст. Ин сокинони Волгоград ҷавони хориҷиро ба анбор бурда, маҷбур мекунанд, дар таҳхонаи он чуқурие бикобад ва сипас ӯро дар он ҷо зинда гӯр мекунанд.

Дар ҷараёни тафтиш ин маълумот пулси дар таҳхонаи анбор чуқурии нав ва осори хунро ошкор карданд. Дар Кумитаи тафтишотӣ ба ин назаранд, ки ҷасади шахси кушташударо ба чуқурии дигаре дар паси бино пинҳон карда, сипас дар ҷойи партовҳоеро сӯзонидаанд. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад. Парвандаи ҷиноӣ тибқи банди 1 моддаи 105 Кодекси ҷиноятӣ (қатл) боз шудааст.

XS
SM
MD
LG