Ссылки доступа

Додгоҳ дороии муовини вазири фарҳанги Русияро ҳабс кард


Додгоҳи Лефортовои Москва дороиҳои муовини вазири фарҳанги Русия Григорий Пирумовро ҳабс кард. Вай дар дуздии на кам аз 100 миллион рубли аз буҷаи бозсозии ёдгориҳои фарҳангӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи додгоҳ Екатерина Краснова, ҳабси ин дороиҳо дар чаҳорчӯби тафтишоти пешакии парванда сурат гирифтааст. Краснова дақиқ нагуфт, ки додгоҳ дақиқан ба ҳабси кадом дороиҳо иҷоза додааст.

Манбаи хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, ки ҳисобҳои бузурги бонкии Пирумов ошкор ва баста шудаанд. “Сухан аз даҳҳо миллион рубл меравад”, - гуфт вай.

Григорий Пирумов 15-уми март дар чаҳорчӯби парвандае боздошт шуд, ки тафтиши онро Хадамоти федералии амният анҷом медиҳад. Ба иттилои тафтишот, Пирумов бозсозии ёдгориҳоро бо харҷи беш аз ҳад анҷом медодааст. Вай айби худро рад мекунад. Дар маҷмӯъ, тибки ин парванда шаш нафар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG