Ссылки доступа

40% русҳо мегӯянд, давлат вазифаашро иҷро намекунад


Наздики 40 дарсади сокинони Русия мегӯянд, давлат уҳдадориҳояшро иҷро намекунад. Як сол пеш шумори онҳое, ки чунин ақида доштанд, 28 дарсад буд. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" бо такя ба маълумотҳои назарсанҷии "Левада-центр" хабар медиҳад.

Танҳо 18 дарсади пурсидашудагон аз ҳукумат шикояте надоштаанд. Дар ҳамин ҳол, тақрибан нисфи пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки уҳдадорияшонро дар назди давлат ба иҷро мерасонанд.

Муовини раиси "Левада-центр" Алексей Гражданкин мегӯяд, интиқод аз ҳукумат дар шароити кунунӣ ба ҳолати қабл аз ғасби Қрим дар соли 2014, баргаштааст. Аммо дар ҳар сурат интиқод аз ҳукумат дар ҳоли ҳозир нисбати солҳои 2012-2013 камтар аст.

Ба ин тартиб, дар як соли охир шумори русҳое, ки мегуфтанд, дар кишвар хаос ё бесомонӣ паҳн мешавад, аз 6 ба 8 дарсад расидааст. Ва ҳам шумори онҳое, ки кишварро дар ҳоли карахтӣ ва рукуд медонанд, аз 8 ба 14 дарсад боло рафтааст.

Ба андешаи Гражданкин, "агар маъракаи дигаре роҳандозӣ нашавад, шикояти шаҳрвандон аз давлат меафзояд, вале агар ихтилофи дохилие сар занад ва давлат тавонад, ки онро ба дӯши нерӯҳои хориҷӣ бор кунад, назари мардум дубора тағйир меёбад. Муҳим он нест, ки мардум чӣ гуна зиндагӣ дорад, балки муҳим он аст, ки масъулият ба дӯши кӣ партофта мешавад ва чӣ натиҷа меорад", - мегӯяд ин ҷомеашинос.

XS
SM
MD
LG