Ссылки доступа

Мақоми 160-уми Қазоқистон дар феҳристи озодии матбуот


Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" бо нашри гузориши "Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот" дар соли 2016 аз коҳиши ин нишондиҳанда дар як қатор кишварҳо хабар додааст.

Ин созмон мегӯяд, расонаҳои мустақил ҳар чӣ бештар зери хатари нуфузи "идеологияи мазҳабӣ" ва "механизми таблиғоти саросарӣ" меафтанд. "Дар саросари ҷаҳон "пулдорҳо" расонаҳоро мехаранд ва ба иловаи фишори ҳукумат болои расонаҳо фишор меоранд", - менависад ин созмон.

Қазоқистон дар ин гузориш миёни 180 кишвар мақоми 160-умро ишғол кардааст. Дар соли гузашта ҳам ин кишвар мақоми кунуниро дошт. Қазоқистон дар гуруҳи кишварҳои дорои сатҳи пасти озодии матбуот қарор дошта, бо Миср (мақоми 159) ва Руанда (мақоми 161) ҳамсоягӣ дорад. Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар ин рӯйхат мутаносибан дар мақомҳои 85 ва 166-ум ҷой гирифтаанд.

"Ҳеч чизе монеи ин раванди саркӯбкунандаи печдор намешавад", - навиштааст ин созмон дар бораи Қазоқистон. Хабарнигорони бидуни марз менависанд, буҳрони амиқи иқтисодӣ ва синну соли президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки унвони "пешвои миллат"-ро соҳиб шудааст, "бадгумонӣ" ва "хоҳиши назорат"-и ӯро меафзояд.

Дар гузориш навишта шудааст, ки сар аз соли 2013 чопи нашрияҳои умдаи мухолиф манъ гардидааст. Ҳомиёни ҳуқуқ зикр мекунанд, ки ҳар нашрияи тозатаъсис баъди чанд моҳи пайдоишаш аз нашр мемонад. Журналистони саркаш, ба гуфтаи созмон, ба таври мудовим аз сӯи додгоҳ таъқиб мешаванд. Муаллифон мегӯянд, дар ин кишвар назорати Интернет ҳам шадидтар мешавад.

XS
SM
MD
LG