Ссылки доступа

Кӯчаи Назарбоев дар Арманистон бе ном монд (видео)


Кӯчае дар деҳаи Аричи ноҳияи Артики вилояти Шераки Арманистон беш аз даҳ сол номи президенти Қазоқистон Нурусултон Назарбоевро дошт, аммо ҳоло бе ном мондааст.

Роланд Назаретян, раиси деҳаи Арич гуфт, ки тасмими тағйири номи кӯчаи Назарбоев ҳафтаи гузашта дар ҳамоиши пиронсолони деҳа гирифта шуд.

- Мо эҳтимолан тасмими дуруст гирифтем. Зеро Назарбоев ба Арманистон наомадааст. Вай боре гуфта буд: “озариҳо бародарони мо ҳастанд, арманиҳо онҳоро мекушанд”. Ин чӣ маънӣ дорад? – савол кард раиси деҳа.

Чанд рӯз пеш дар деҳа лавҳаи “Кӯчаи Назарбоев”-ро канданд. Ба кӯча номи нав то ҳол нагузоштаанд.

Дар деҳаи Арич ба ҷуз аз кӯчаи Назарбоев дар китобхонаи маҳаллӣ гӯшае ба президенти Қазоқистон бахшида шудааст. Назаретян мегӯяд, ки ба ин гӯшаи китобхона кордор нашудаанд, вале аз девори дохили бино акси бузурги Назарбоевро бардоштаанд. Соли 1995 ба хотири робитаҳои дӯстонаи миёни ду халқ ба кӯчаи деҳаи Арич номи Назарбоев гузошта шуд.​

XS
SM
MD
LG