Ссылки доступа

Рӯйи пули 20-долларӣ акси зан нашр мешавад


Дар пули нави 20-долларӣ акси зани фаъоли афроамрикоӣ Гарриет Табмен пайдо мешавад. Би-би-сӣ бо истинод ба вазорати молияи ИМА менависад, ки вай бо ғуломдорӣ мубориза мекард.

Ин нахустин акси зан дар пулҳои амрикоӣ дар беш аз сад соли ахир хоҳад шуд. Пеш аз вай танҳо акси хонуми собиқ Марта Вашингтон дар пули якдолларии барориши солҳои 1891-1896 ва акси маликаи ҳиндунажод Покахонтас дар пули 20-долларӣ дар солҳои 1865 ва 1869 ҷой дода шудаанд.

Дар 20-долларии нав муборизи зидди ғуломдорӣ Гарриет Табмен акси президенти ҳафтуми ИМА, ғуломдор Эндрю Ҷексонро иваз мекунад.

Соли гузашта вазорати молия эълон кард, ки мехоҳад дар пули 10-долларӣ акси бунёдгузори низоми молии ИМА Александр Ҳамилтонро иваз кунад. Ин иқдом дар ҷомеаи амрикоӣ бо бархурди манфӣ рӯбарӯ шуд.

XS
SM
MD
LG