Ссылки доступа

Воридоти маҳсулоти эронӣ ба Тоҷикистон маҳдуд шуд


Палатаи тиҷоративу саноатии Эрон хабареро нашр кард, ки дар он аз маҳдудияти воридоти маҳсулоти тавлиди ин кишвар ба Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Дар сомонаи расмии Палатаи тиҷоративу саноатии Эрон омадааст: "Ба таваҷҷӯҳи тоҷирон ва ширкатҳое, ки бо Тоҷикистон доду гирифт мекунанд: тибқи қоидаҳои нав навиштаҷоти маҳсулот бояд ба забони тоҷикӣ нашр шуда бошад". Дар ҳамин ҷо гуфта шудааст, ки бо дархости Тоҷикистон содироти маҳсулоти эронӣ бе навиштаҷот ба забони тоҷикӣ ғайриимкон мебошад.

Раиси порлумони Эрон Алӣ Лориҷонӣ 19-уми апрел дар ҳошияи ҷаласаи раисони порлумонҳои 19 кишвари минтақаи Авруосиё, ки дар Москва баргузор шуд, гуфт, бо ҳамтои тоҷикаш Шукурҷон Зуҳуров маҳдудиятҳои гумрукии эҷодшуда миёни ду кишварро баррасӣ кардааст. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, Лориҷонӣ дар дидор бо Зуҳуров зикр кардааст, ки "мушкили нав дар ин масъала бояд ҳал карда шавад".

Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта бархе аз тоҷирон гуфтанд, ки ба онҳо машварат дода шудааст, ки аз ворид кардани маҳсулоти эронӣ муваққатан "ба сабаби воридшавии маҳсулоти пастсифат аз ин кишвар" худдорӣ кунанд.

Дар вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон хабар доданд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ воридоти маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон 50% кам шудааст. Эрон яке аз панҷ шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG