Ссылки доступа

Маликаи Бритониё Елизаветаи II 90-сола шуд


Имрӯз маликаи Бритониё Елизаветаи II 90-сола мешавад. Вай бештар аз ҳамаи шоҳони таърихи Бритониё -- 64 сол боз дар сари тахт аст .

Елизаветаи II ба иҷрои вазифаҳои сардори давлати Бритониё ва Иттиҳоди давлатҳо идома медиҳад. Таҷлил аз ин ҷашн на танҳо имрӯз, балки дар моҳҳои май ва июн ҳам идома хоҳад ёфт.

Малика зодрӯзашро дар ҳалқаи хонавода 21 апрел дар қасри Виндзор таҷлил мекунад. Аз 12 то 15 май дар майдони васеи боғи Виндзор намоиши ҷашнӣ бо иштироки бештар аз 1000 навозанда, сароянда, раққоса ва дигар ҳунармандон баргузор мешавад.

Тибқи анъана, ки аз асри 18 маъмул шудааст, ҷашни расмии зодрӯзи шоҳони Бритониё, дар шанбеи дувум ё севуму моҳи июн баргузор мегардад. Аммо соли ҷорӣ ин маросим 3 рӯз - аз 10 то 12 июн давом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG