Ссылки доступа

Мақомот: таблиғгари тоҷики ДИ дар Сурия кушта шудааст


Ҷавони тоҷике, ки ӯро дар таблиғ ва ҷалби садҳо ҳамватанонаш ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” гумонбар медонанд, бар асоси иттилои расида дар Сурия кушта шудааст.

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон 21-уми апрел хабар доданд, ки Анӯшервон Азимов, сокини 25-солаи шаҳри Норак, ки бо тахаллуси “Анас” низ шӯҳрат дошту ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” садҳо ҳамватанони худро ҷалб карда буд, дар Сурия кушта шудааст.

Пештар мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки Анӯшервон Азимовро ҷустуҷӯ мекунанд. Вай тӯли ду соли ахир дар Москва машғули таблиғ ва ҷалби ҷавонон ба сафи “Давлати исломӣ” буд.

Иттилоъ дар бораи “Анас” ба ниҳодҳои интизомӣ ҳанӯз ним сол пеш расида буд. Он вақт вай дар Русия буд ва баъд аз эълони пайгарди байналхалқӣ ғайб зад.

XS
SM
MD
LG