Ссылки доступа

Украина зидди кори муҳоҷирони қирғиз дар Қрим аст


Иқдоми Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон барои бо кор таъмин кардани 500 шаҳрвандони кишвар дар қаламрави Қрим зидди робитаҳои дӯстонаи миёни Қирғизистону Украина аст, изҳор дошт хадамоти матбуотии Сафорати Украина дар Бишкек.

Сафорати Украина ба ин нукта ишора кардааст, ки Ялта дар “қаламрави муваққатан ғасбшудаи Қрим воқеъ аст, ки ҷузъи ҷудонопазири Украина дониста мешавад”.

“Амалҳои Хадамоти давлатии муҳоҷиратро иқдоми зидди дӯстона арзёбӣ мекунем, ки мухолифи робитаҳои бовариноки миёни Украина ва Қирғизистон мебошанд”, - зикр карданд дар намояндагии дипломатӣ ва таъкид доштанд, ки тавофуқ барои бо ҷойи корӣ таъмин кардани сокинони Қирғизистонро метавонанд ба унвони “эътирофи” байналмилалии нимҷазираи Қрим ҳамчун ҷузъи қаламрави Русия истифода шавад.

Намояндагии дипломатӣ аз мақомоти қирғиз даъват кардааст, ки дар мавриди дахлнопазирии марзҳо, якпорчагии қаламрав ва истиқлолияти миллӣ қоидаҳои байналмилалиро риоят кунанд. Ҳамчунин сафорат ёдовар шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба Қрим бо иҷозаи ниҳодҳои марбутаи давлатии Украина ва тавассути гузаргоҳҳои марзии Қрим бо қисмати боқимондаи Украина ворид шаванд.

Нимҷазираи Қрим, ки моли Украина буд, баҳори соли 2014 дар натиҷаи ҳамапурсии аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашуда, аз сӯи Русия ғасб шуд. Мақомоти Қирғизистон то ҳол дар бораи маснубияти қаламрави нимҷазира изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG