Ссылки доступа

Президенти Туркманистон: ин бор ҳам дар бораи аспҳо...


Китоби навбатии президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо номи "Қадами бадави бодпо" нашр ва барои аъзои ҳукуматаш рӯнамоӣ шуд.

Ин китоб ба ширкатдорони ҷамъомаде, ки 21 апрел дар маҷмааи шаҳрии варзиши аспҳо баргузор шуд, низ тақдим гардид. Баъдан китоб дар марказҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ расман рӯнамоӣ шуд.

"Имрӯз барои ман таърихист", - гуфта буд президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ибтидои моҳи апрел. Вай он замон дар ҷаласаи ҳукумат хабар дода буд, ки таълифи китобро ба охир расонидааст.

Дар солҳои президентиаш Бердимуҳаммадов 36 китоб, аз ҷумла китоби "Ахалтека - шуҳрату ифтихори мо"- ро ба нашр расонидааст. Матбуоти Туркманистон менависад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аспшиноси асил ва ошиқ аст.

Дар соли 2010 дар Туркманистон Эътилофи байналхалқии асппарварони навъи ахалтека таъсис ёфта, Бердимуҳаммадов раиси он интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG