Ссылки доступа

Сармуҳаррири "Ҷумҳурият" барои "таҳқири Эрдуғон" ҷарима шуд


Ҷан Дундар, сармуҳаррири нашрияи мухолифи Туркия "Ҷумҳурият" барои он ки эҳтимолан президенти он кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғонро таҳқир кардааст, наздики 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима шуд.

Тавре вакили рӯзноманигор хабар медиҳад, парванда зидди рӯзноманигор дар робита ба матлабҳои вай, ки дар бораи ҷанҷоли фасодолуди ҳукумат дар соли 2013, навишта буд, кушода шудааст. Сабаби расмии ҷаримабандиро додгоҳ ҳанӯз шарҳ надодааст. Вакил мегӯяд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Ҷан Дундар дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки "Агар фош кардани ҳақиқат - ҷиноят бошад, пас мо ба ҷинояткорӣ идома медиҳем". Зидди сармуҳаррир ва корманди нашрия Эрдем Гул як парвандаи дигар кушода шудааст. Ин бор сармуҳаррир ва Эрдемро дар талоши сарнагун кардани ҳукумат айбдор мекунанд. Дар сурати исбот шудани ин айб, онҳоро зиндони якумрӣ интизор аст.

Дар маҷмуъ, дар Туркия бо айби таҳқири президент нисбати 2 ҳазор одам парванда кушода шудааст. 24 апрел дар ин кишвар рӯзноманигори голландӣ, ки дар бораи Эрдуғон мақолаи танқидӣ навишта буд, боздошт шуд. Мақомоти Олмон розӣ шуданд, зидди ҳаҷвнигоре, ки дар бораи Эрдуғон шеърҳои мазҳакавӣ суруда буд, парванда кушоянд. Туркия талаб дорад, ки барои таҳқири сардори давлати хориҷӣ ӯро зиндонӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG