Ссылки доступа

Русия барои бозсозии Сурия қариб як миллиард доллар сарф мекунад


Русия ва Сурия барои бозсозии иқтисоди Сурия созишнома имзо карданд, хабар додааст нахуствазири Сурия Ваил ал-Холиқӣ дар мусоҳиба бо РИА Новости. Ба гуфтаи вай, танҳо ду қарордод сармоягузории 850 миллион евроро дар назар дорад.

"Ҷониби Русия ба пешниҳоди эҳёи зерсохторҳо иқдом кард ва бо ин кишвар чанд созишнома имзо шуд, ки дар миёни онҳо як қарордод ба маблағи 600 миллион евро ва қарордоди дигар дар ҳаҷми 250 миллион евро мавҷуд аст", - гуфт раҳбари ҳукумати Сурия.

Ба гуфтаи вай, ин созишномаҳо бозсозии хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва истгоҳҳои барқӣ ва ҳамчунин таъмини онҳо бо маводи сӯхтиро пешбинӣ мекунанд. "Беш аз 60% истгоҳҳои барқӣ кор намекунанд ва барои оғози кор ба маводи сӯхтӣ ниёз доранд", - афзуд ал-Холиқӣ.

Раиси ҳукумати Сурия гуфт, ки барои тавлиди нерӯи барқ дар Сурия ҳамарӯза 35 ҳазор тонна нафт зарур аст. Дар моҳи майи соли 2005 Русия қариб 10 миллиард доллар қарзи Сурияро бахшида буд. Он замон Димишқ ваъда дода буд, ки аслиҳа ва таҷҳизоти низомии сохти Русияро харидорӣ мекунад. Соли 2011 дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд.

Дар моҳи сентябри соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти низомиро оғоз кард. Тибқи иттилои хабаргузории РБК, барои анҷоми ин амалиёт 38 миллиард рубл сарф шудааст. Дертар президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки харҷи кишвараш дар ин амалиёт баробари 33 миллиард рубл будааст. Вале вай таъкид кард, ки маблағи сарфшуда дар буҷаи вазорати мудофиа пешбинӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG