Ссылки доступа

Ӯзбекистон: ёрдампулӣ барои кӯдакон дар ивази оҳанпора


Мақомоти вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон модарони ҷавонро маҷбур кардаанд, ки барои корхонаи металлургии Бекобод 50-килограммӣ оҳанпора супоранд.

Модари ҷавоне ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ муроҷиат карда, гуфтааст, дар маҷлиси маҳалла аз вай 50 килограмм оҳанпора талаб кардаанд. Дар сурати насупоридани оҳан, мақомот таҳдид кардаанд, ки барои фарзандаш ёрдампулӣ нахоҳанд дод.

- Ман ба маҷлиси маҳаллӣ рафтам, ки барои фарзанди дусолаам ёрдампулӣ гирам. Он ҷо ба ман гуфтанд: "50 килограмм оҳан биёр". Чунин талабро ман бори аввал мешунавам. Ман розӣ шудам, чун ки дигар чора надоштам. Аммо дар хона оҳан намондааст, зеро фарзандони калонӣ ҳамаи оҳанҳоро ба мактаб ва коллеҷ бурдаанд. Ба зӯр 15 кило ҷамъ кардам. Аммо дар маҷлиси маҳаллӣ ба ман гуфтанд: "Ин кифоя нест, бояд 50 килограмм супорӣ". Акнун мо дигар барои фарзандонамон ёрдампулӣ нахоҳем гирифт, зеро натавонистем, ки 50 килограмм оҳан ҷамъоварӣ кунем?!

Пештар аз ин ба бахши хабарии Радиои Озодӣ иттилоъ дода буданд, ки дар кишвар асосан хонандагони мактаб ва коллеҷҳо, омӯзгорон ва табибонро маҷбур мекунанд, ки оҳанпора супоранд.

XS
SM
MD
LG