Ссылки доступа

Ба суриягиҳои Шереметево дар Русия паноҳгоҳ доданд


Як ҷуфти ҷавони курдӣ бо чаҳор кӯдак дар минтақаи транзитии фурудгоҳ бештар аз ду моҳ истиқомат дошт.

Хонаводаи гурезаи курдӣ аз Сурия, ки бештар аз 2 моҳ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметево истиқомат карда буданд, билохира дар Русия паноҳгоҳ пайдо кард.

Айни ҳол онҳо барои як сол паноҳгоҳ пайдо кардаанд, вале мумкин аст ин муҳлат тамдид шавад.

"Билохира ба мо дар ҳудуди Русия паноҳгоҳи муваққатӣ доданд. Ҳамаи мо аллакай дар даст ҳуҷҷати расмӣ дорем. Ин маънои онро дорад, ки оилаи ман амн аст ва мақомоти Русия моро дубора ба кишвари ҷангзада намефиристанд", - мегӯяд гуреза.

XS
SM
MD
LG