Ссылки доступа

Бурил: қотили кӯдак ба 12 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Тараз ҳукми айбдоршаванда дар қатли кӯдаки хурдсол дар деҳаи Бурили ноҳияи Байзақи Қазоқистонро эълон кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, додгоҳи махсуси байниноҳиявии парвандаҳои ҷиноятии вилояти Ҷанбул Дурсун Қаваз-оғлии 18-соларо дар қатл ва дуздӣ айбдор дониста, ӯро 12 сол зиндонӣ кард.

Хабаргузориҳо аз суханони судя Азамат Тлепов иқтибос овардаанд, ки гуфтааст, айбдоршаванда ҳангоми боздошт ҳанӯз 18-сола нашуда буд ва ба ин сабаб, ба гуфтаи судя, дар ин робита ҷазои ниҳоӣ интихоб шудааст.

15-уми феврали соли ҷорӣ дар як манзили хусусӣ дар деҳаи Бурил ҷасади кӯдаке бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ёфт шуд. Дар ду рӯзи минбаъда дар деҳа баъзе нооромиҳо рух дод ва ба ин минтақа нерӯҳои изофии пулис ворид шуда, дар кӯчаҳо низомиёни махсус "аз даргириҳои байниқавмӣ" пешгирӣ карданд.

Гумонбар рӯзи дигар боздошт шуд. Пулис мегӯяд, ин ҷиноят "хусусияти маишӣ" доштааст ва бо ҳадафи ғорат рух додааст.

XS
SM
MD
LG