Ссылки доступа

Назарбоев ҳангомаи "замин"-ро кори “иғвогарон” номид


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, “иғвогарон”-еро, ки гӯё дар масъалаи фурӯши замин ҳангомасозӣ мекунанд, “бояд ошкор кард ва ҷазо дод”. Ин изҳороти президент баъд аз тазоҳуроти ғайриқонунии “зидди фурӯши замин” дар Атирау садо дод.

“Иғвогарон бояд ошкор шаванд ва ҷозо бинанд”, - гуфт Назарбоев зимни суханронӣ дар ҷаласаи 24-уми Анҷумани халқи Қазоқистон, ки зери шиори “Истиқлол. Ҳамдигарфаҳмӣ. Миллати воҳиди оянда” баргузор шуд. Аммо Назарбоев нагуфт, ки чӣ касонеро бояд “иғвогар” донист.

“Таваҷҷӯҳ ба масъалаи гӯё фурӯши заминҳои кишт ба шаҳрвандони хориҷӣ дар пайи ҳамлаҳои иттилоотӣ ва дурӯғин зиёд шуд. Борҳо, аз ҷумла ман, гуфтем, ки ин воқеият надорад. Мехоҳам, бори дигар бигӯям: масъалаи фурӯши заминҳои кишт ба шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд надорад ва ҳатто баррасӣ ҳам намешавад”, - иқтибос овардаанд хабаргузориҳо аз суханронии Назарбоев.

Назарбоев бар ин аст, ки мухолифони фурӯши замин ва иҷораи он ба масъала сарфаҳм намераванд. “Онҳое валвала намекунанд, ки аз даруни трактори кишт ё болои аспи саҳро фаромада омадаанд. Онҳое валвала мекунанд, ки дар бораи кишоварзӣ тасаввурот надоранд ва аслан намедонанд, ки ин заминҳо дар куҷоянду аслан вуҷуд доранд ё на”, - гуфт президенти Қазоқистон. Ҳамзамон Назарбоев дар бораи эътирози 24-уми апрели Атирау ва талабҳои норозиён чизе нагуфт.

XS
SM
MD
LG