Ссылки доступа

Русия дубора ба ҳамлаи мухолифони Сурия шуруъ кард


Ҳавопаймоҳои русӣ бомбаборони нерӯҳои мухолифи ҳукумати президент Башор Асадро аз сар гирифтанд.

Дар ин бора рӯзи сешанбе матбуоти амрикоӣ ба нақл аз фармондеҳони амрикоии эътилофи байналмилалӣ хабар доданд. Ин эътилоф зидди гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳад.

“Мо шоҳиди он будем, ки нерӯҳои русӣ минтақаҳои аз Ҳалаб то Полмироро бомбаборон мекарданд. Онҳо дар ин минтақа амалиёти худро дубора оғоз карданд”, - мегӯяд муовини фармондеҳи нерӯҳои эътилоф генерал Питер Герстен.

Зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъҳои ҷангиёне зада мешаванд, ки ҷузъи мухолифони мӯътадил ҳастанд. Ин мухолифонро Иёлоти Муттаҳида ҳимоят мекунад. Генерали амрикоӣ таъкид кард, ИМА зарбаҳои худро бо низомиёни рус ҳамоҳанг намекунад. “Мо танҳо аз канор мушоҳида мекунем. Ҳамоҳангии мо бо русҳо танҳо аз ҳамин иборат аст”, - гуфт Питер Герстен.

Ба иттилои шабакаи телевизионии Foxnews, зарбаҳои ҳавоӣ мухолифи муқаррароти оташбас аст. Ҳарчанд қарордоди оташбас бо ҳимояти Русия ва ИМА ҳосил шуда буд.

Ҳафтаи гузашта дар сӯҳбати телефонӣ президенти ИМА аз президенти Русия хост ба мақомоти Сурия фишор оварад, то Сурия зарбаҳои ҳавоиро қатъ кунад. Москва иддао дорад, ки ҳадафи зарбаҳои ҳавоиаш гурӯҳи ифротии “Ҷабҳат ал-Нусра” аст.

XS
SM
MD
LG