Ссылки доступа

Аз пойгоҳи кайҳонии "Восточный" нахустин парвоз анҷом шуд


Субҳи панҷшанбеи 28 апрел зимни талоши дувум нахустин мушакбар аз пойгоҳи кайҳонии "Восточный" парвоз кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҷудошавии қисмати асосии мушакбари "Волга" бо мушакҳои маснуии замин баъд аз даҳ дақиқаи оғози парвоз сурат гирифт.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, ки ҳангоми партоби мушакбар дар пойгоҳи кайҳонӣ ҳузур дошт, ширкаткунандагонро бо ин дастовард табрик карда, гуфт, ки "ин боиси ифтихор аст".

Парвози киштии кайҳонии "Союз-2.1а" бояд 27-уми апрел анҷом дода мешуд, аммо якуним дақиқа пеш аз оғози партоби мушакбар таъхир эълон шуд.

XS
SM
MD
LG