Ссылки доступа

Марзбонони Русия нагузоштанд, ки Вера Савченко хориҷ шавад


Марзбонони Русия Вера Савченко - хоҳари низомии украинӣ Надежда Савченкоро нагузоштанд, ки шаби чоршанбе ба панҷшанбе аз Русия хориҷ шавад.

Кормандони хадамоти консулгарии Украина Вера Савченкоро аз гузаргоҳи марзии Чертково қабул карда ба Ростов-на-Дону фиристодаанд. Ҳоло вай дар ҳудуди консулгарии Украина аст.

Вера барои дидани Надежда ба боздоштгоҳи Новочеркасски Русия омада буд ва зимни хориҷ шудан аз ин кишвар дар гузаргоҳи Чертково дармонд. Марзбонон шиносномаи Вера Савченкоро гирифта, ӯро дар мошини консули генералии Украина маҳкам кардаанд. Дар ин бора вакили Надежда Савченко Иля Новиков хабар дод.

"Дирӯз ҳангоми ворид шудан ҳама чиз рӯ ба роҳ буд, имрӯз зимни хориҷ шудан маълум гардид, ки Вера Савченко кадом замоне барои таҳқири судяҳо дар Чеченистон ҷустуҷӯ мешудааст", - гуфт вакили дифоъ.

Парвандаи таҳқири судя зидди Вера Савченко бо ташаббуси суди Додгоҳи олии Чеченистон Воҳид Исмоилов кушода шудааст. Парвандаи Вера баъди иштирокаш дар муҳокимаи додгоҳии украиниҳо Станислав Клих ва Николай Карпюк, ки барои ширкат дар ҷанги Чеченистон зидди Русия дар солҳои 1994-95 айбдор мешуданд, таъсис шудааст. Вера ба ҳайси мудофеи ҷамъиятии украиниҳо дар ин мурофиа ширкат мекард, аммо судя изҳори назарҳои ӯро таҳқиромез баҳо дода, аз идомаи кор маҳрумаш сохт. Вера Савченко ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG