Ссылки доступа

СММ: дар Сурия вазъият “ба таври даҳшатнок бад мешавад”


Раҳбари ҳайати башардӯстонаи СММ дар Сурия Ян Эгеланд мегӯяд, дар 48 соати ахир дар Ҳалаб ва қисматҳои гуногуни Ҳумс “бадшавии даҳшатноки” вазъият мушоҳида мешавад.

Дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ бемористон ва чанд бинои дигар вайрон ва беш аз 60 нафар кушта шудаанд. Эгеланд мегӯяд, “наметавонад, аҳамияти рӯзҳо ва соатҳои минбаъдаро бо сухан” шарҳ диҳад. Тӯли ин муддат дипломатҳо талош мекунанд, оташбасеро, ки "ашки сари мижгон" шудааст, наҷот диҳанд.

Намояндаҳои созмони “Пизишкони бидуни марз” мегӯянд, дар миёни 30 кушташуда дар бемористони низомии Ҳалаб 14 бемор ва шаш корманди ин ниҳод ҳастанд. Фармондеҳии Сурия рад мекунад, ки бемористон қасдан ҳадаф қарор дода шудааст. Ба иттилои созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, як зарбаи ҳавоии дигар дар шаҳраки наздики Ҳалаб боиси марги 20 нафар шуд. Аз 22-уми апрел ба ин сӯ, ки даргирӣ миёни сокинони осоишта шиддат гирифт, қариб 150 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG